Дар Душанбе камераҳои “шинохти чеҳра” насб мешаванд

Аз ин ба баъд дар ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва афроди дар пайгарди қонун, камераҳои симошинос ба мақомоти тафтишотӣ ва қудратӣ, кӯмак хоҳанд кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар нуқтаҳои серодами Душанбе дар баробари камераҳои назоратӣ, дурбинҳои "шинохти чеҳра", насб мешавад. Ин камераҳо ба фарқ аз дурбинҳои қаблӣ, имкон доранд симои шахсеро, ки мақомот ҷустуҷӯ мекунанд, […]

Радиои Озодӣ

Аз ин ба баъд дар ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва афроди дар пайгарди қонун, камераҳои симошинос ба мақомоти тафтишотӣ ва қудратӣ, кӯмак хоҳанд кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар нуқтаҳои серодами Душанбе дар баробари камераҳои назоратӣ, дурбинҳои "шинохти чеҳра", насб мешавад. Ин камераҳо ба фарқ аз дурбинҳои қаблӣ, имкон доранд симои шахсеро, ки мақомот ҷустуҷӯ мекунанд, шиносоӣ намуда ба шахсони масъул хабар диҳад.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар навбати аввал насби чунин камераҳо дар пойтахт пешбинӣ шудааст. Фурқат Шоимардонов, муовини маркази "Шаҳри бехатар" гуфтааст, ин камераҳо рӯзҳои наздик дар маҳалҳои сериздиҳом, аз ҷумла фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан, марказҳои савдою бозорҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ, насб мешавад.

Шоимардонов қайд кардааст, ки ин дурбинҳо дар ҳолати 25 дарсад шинохти чеҳраи одаме, ки ба афроди гумонбар шабоҳат дорад, ба маркази "Шаҳри бехатар" хабар медиҳад. "Дар махзани барномаи ин камераҳо, акси афроди дар ҷустуҷӯбуда ворид карда мешавад. Дар ҳолати шинохти қиёфаи онҳо аз тариқи ин камераҳо, сигнали огоҳкунанда дода мешавад", – афзудааст ӯ.

Ҳадаф аз насби камераҳои нав, ки тавони ошкор кардани чеҳраи ҷинояткорро дорад ва истеҳсоли ширкати маъруфи "Huawei"-и Чин аст, ба осонӣ пайдо кардани афроди дар пайгард қарордошта будааст. Мақомоти тоҷик мехоҳанд бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар барои таъмини амният ва коҳиши ҷинояткорӣ аз ин роҳ кор бигиранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.