Таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии масоили идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ

Бо қарори ҳукумат аз 31 майи соли равон муқаррарот ва ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии масоили идоракунии хавфҳои молиявиӣ (фискалӣ)-и корхонаҳои давлатӣ тасдиқ карда шуд. Дар муқаррароти Шӯро қайд мешавад, ки мақомоти нави машваратии назди ҳукумат бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои молиявӣ ва амволӣ, ҷорӣ кардани идоракунии маъмурӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки ҳиссаи […]

Бо қарори ҳукумат аз 31 майи соли равон муқаррарот ва ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии масоили идоракунии хавфҳои молиявиӣ (фискалӣ)-и корхонаҳои давлатӣ тасдиқ карда шуд.

Дар муқаррароти Шӯро қайд мешавад, ки мақомоти нави машваратии назди ҳукумат бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои молиявӣ ва амволӣ, ҷорӣ кардани идоракунии маъмурӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки ҳиссаи давлат дар онҳо беш аз 50%-ро ташкил медиҳад, таъсис дода мешавад.

Шӯро ба таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати идоракунии хавфҳои молиявӣ дар корхонаҳои давлатӣ машғул хоҳад шуд. Ғайр аз ин, мақомоти нав ҷараёни амалисозии Стратегияи идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатиро пайгирӣ (мониторинг) мекунад.

Ҷаласаҳои Шӯро на камтар аз ду маротиба дар як сол ва дар сурати зарурати марбут ба масоили муҳим, ҷаласаи ғайринавбатӣ гузаронида мешавад.

Шӯрои ҳамоҳангсозии масоили идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатиро муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ба роҳбарӣ мегирад. Ба ҳайати Шӯро ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин сардори Раёсати идоракунии молиявии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ шомиланд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.