Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 5,1% кам шуд

Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2018 интиқоли пул аз ҷониби шахсони хусусӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ба андозаи 5,1% кам шуд. Семоҳаи аввали соли 2019 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 462 млн. доллар (ҳамин давраи соли 2018 – 487 млн. доллар) маблағ интиқол доданд, хабар медиҳад Бонки марказии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2018 интиқоли пул аз ҷониби шахсони хусусӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ба андозаи 5,1% кам шуд.

Семоҳаи аввали соли 2019 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 462 млн. доллар (ҳамин давраи соли 2018 – 487 млн. доллар) маблағ интиқол доданд, хабар медиҳад Бонки марказии Русия.

Интиқоли маблағҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Тоҷикистон ба Русия бештар назаррас (30,9%) коҳиш ёфта, аз 42 млн. доллар дар семоҳаи аввали соли гузашта то ба 29 млн. доллар дар семоҳаи аввали соли 2019 поин рафтаанд.

Дар ин давра шахсони воқеӣ аз Русия бештар ба Швейтсария (беш аз $1,3 млрд.), Ӯзбекистон ($818 млн.), Британияи Кабир ($573 млн.), ИМА ($572 млн.), Латвия ($537 млн.) ва Қирғизистон ($453 млн.) пул фиристодаанд.

Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2018 ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Ӯзбекистону Қирғизистон мутаносибан ба андозаи 7,3% ва 4,3% афзудааст.

Қобили зикр аст, ки наздики 90%-и интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон бо рубли русӣ сурат мегирад.

Тибқи маълумоти гуногун, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.