Муроҷиати духтари Гулнора Каримова ба Прокуратураи генералии Ӯзбекистон

Набераи президенти нахустини Ӯзбекистон Имон Каримоваи 21-сола бо нашри як муроҷиатнома ба раҳбарони Хадамоти амнияти давлатӣ ва Прокуратураи генералии ин кишвар дар шабакаи иҷтимоии Instagram гуфтааст, сардори зиндон ба модараш Гулнора Каримова фишор меорад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Каримова навиштааст, ки дар зиндон ба модараш кумаки зарурии тиббиро намерасонанд ва бо вуҷуди […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Набераи президенти нахустини Ӯзбекистон Имон Каримоваи 21-сола бо нашри як муроҷиатнома ба раҳбарони Хадамоти амнияти давлатӣ ва Прокуратураи генералии ин кишвар дар шабакаи иҷтимоии Instagram гуфтааст, сардори зиндон ба модараш Гулнора Каримова фишор меорад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Каримова навиштааст, ки дар зиндон ба модараш кумаки зарурии тиббиро намерасонанд ва бо вуҷуди доштани чандин навъи беморӣ ӯро аз санҷишҳои бешумору пай дар пай мегузаронанд.

"Сардори зиндон ба раҳбарии кормандони Прокуратураи генералии Ӯзбекистон бо номи Илёс Султонович ва Анваров У. дастур медиҳад, ки ба модарам фишори ҷисмонӣ ва равонӣ диҳанд", – афзудааст ӯ.

Гуфта мешавад, пештар аз ин Грегуар Манжа, вакили дифои швейтсарии Гулнора Каримова гуфта буд, ки нафари таҳти ҳимояташ зери фишори равонии доимӣ қарор дорад. "Ӯро табобат намекунанд. Баъди охирин дидори мо Каримоваро фавран аз табобатгоҳи зиндон берун бурданд", – навишт вакили мудофеъ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер.

Вале ҳафтаи гузашта Прокуратураи генералии Ӯзбекистон иттилоъ дар бораи фишори равонӣ ба духтари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро рад кард. "Вазъи сиҳатии вай муътадил аст, ҳангоми зарурат ёрии тиббӣ дарёфт мекунад", – иттилоъ медиҳад додситонӣ

Бо қарори суди вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои прокуратура, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмӯъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Зикр мегардад, ки Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.