Фаррух Амонатов дар мусобиқаи ҷоми раиси Мумбай пирӯз шуд

Устоди шоҳмоти (гроссмействер)-и тоҷик Фаррух Амонатов бо касби 8 имтиёз аз 10 холи имконпазир дар мусобиқаи 12-ум оид ба дарёфти ҷоми раиси шаҳри Мумбайи Ҳиндустон пирӯзӣ ба даст овард, хабар медиҳад портали шоҳмоти e3e5.com. Дар ин мусобиқаи шоҳмот дар се дараҷа беш аз дусад нафар намояндагони бист кишвари саросари дунё ширкат варзиданд. Дар гурӯҳи пурқуваттаринҳо […]

Asia-Plus

Устоди шоҳмоти (гроссмействер)-и тоҷик Фаррух Амонатов бо касби 8 имтиёз аз 10 холи имконпазир дар мусобиқаи 12-ум оид ба дарёфти ҷоми раиси шаҳри Мумбайи Ҳиндустон пирӯзӣ ба даст овард, хабар медиҳад портали шоҳмоти e3e5.com.

Дар ин мусобиқаи шоҳмот дар се дараҷа беш аз дусад нафар намояндагони бист кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Дар гурӯҳи пурқуваттаринҳо – “А” шоҳмотбози тоҷик бидуни ягон шикаст мусобиқаро анҷом дода, ба ҷойи аввал соҳиб шуд. Зинаи дуюмро намояндаи Арманистон – Мануэл Петросян ишғол кард.

Моҳи гузашта Фаррух Амонатов ба пешсафӣ дар рейтинги шоҳмотбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон тибқи версияи Федератсияи байнулмилалии шоҳмот (ФИДЕ) идома дод.

То мусобиқа дар Мумбай ӯ 2624 имтиёз дошт. Дар зинаи дуюм бо 2445 имтиёз Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ва дар ҷойи сеюм бо 2314 имтиёз Ҷамшед Исоев қарор доранд.

Миёни мунтахаби занони шоҳмтобози Тоҷикистон Марворид Насриддинзода бо 2066 имтиёз дар зинаи аввал, Надежда Антонова бо 1934 имтиёз дар мақоми дуюм ва Мутриба Ҳотамӣ бо 1857 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудаанд.

Бо натиҷаи 2288 имтиёз мунтахаби мардони шоҳмотбозони Тоҷикистон зинаи 83-юмро ишғол намуда, нисбат ба мардон мунтахаби занон бо касби 1637 имтиёз дар зинаҳои поинтар – 101-ум қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.