Қабули стратегияи нави Шӯрои Аврупо оид ба ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ

Шӯрои Аврупо, ки аз сарони 28 кишварҳои Иттиҳоди Аврупо иборат аст, санаи 17 июн стратегияи навро оид ба ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул кард, хабар медиҳад dw.com. Дар санад вазифаҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ зикр шудааст. Доир ба қабули стратегия оид ба Осиёи Марказӣ муддати қариб як сол машваратҳои васеъ ҷараён […]

Asia-Plus

Шӯрои Аврупо, ки аз сарони 28 кишварҳои Иттиҳоди Аврупо иборат аст, санаи 17 июн стратегияи навро оид ба ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул кард, хабар медиҳад dw.com.

Дар санад вазифаҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ зикр шудааст. Доир ба қабули стратегия оид ба Осиёи Марказӣ муддати қариб як сол машваратҳои васеъ ҷараён доштанд, то ки назари ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба инобат гирифта шавад, хабар додаанд аз Хадамоти робитаҳои хориҷии Аврупо.

Стратегия нав дуюмин стратегия мебошад, ки стратегияи аввали соли 2007 қабулшударо мукаммал месозад.

Тавре дар Хадамоти робитаҳои хориҷии Аврупо шарҳ додаанд, тайи 10-12 соли охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ тағйироти зиёд сурат гирифтааст ва зарур аст, ки тарзи муносибати Иттиҳоди Аврупо муҳиму рӯзмарра боқӣ монад.

“Мо ба ҷомеаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар роҳандозии ислоҳоти заруру саривақтӣ, вокуниш ба таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ, мутобиқ шудан ба тағйироти ҷаҳони муосир, ҷараёни баргузории ислоҳот кумак кардан мехоҳем”, – хабар додаанд дар Хадамоти робитаҳои хориҷии Аврупо.

Боз як вазифаи муҳими дигари стратегияи Иттиҳоди Аврупо пешбурд ва ҳавасмандсозии амалисозии ислоҳоти иқтисодии ҷараёндошта ва дар маҷмӯъ расидан ба сатҳи некӯаҳволии бештари аҳолӣ мебошад.

Ҳамчунин дар стратегия ба таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳамгиройӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст, зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкории минтақавӣ буда, бо таҳдиду чолишҳое дучор мешаванд, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо паси сар кардаанд.

Ғайр аз ин, дар санад сари ҳамкории бештар зичу густарда бо ҷомеаи шаҳрвандии давлатҳои Осиёи Марказӣ сухан меравад. Дар стратегия рушди ҳамкорӣ бо тиҷорати хурду миёна таъкид шудааст, зеро маҳз чунин тиҷорат дар некӯаҳволии мардум дар дурнамои дарозмуҳлат нақши имконпазири муҳим дорад.

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо стратегияи навро оид ба ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ санаи 7 июл дар вохӯрии вазирон дар Бишкек муаррифӣ ва пешниҳод мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.