Воридот ба Тоҷикистон нисбат ба содирот се баробар зиёд аст

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми 5 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1,7 млрд. долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2018 ба андозаи 1,7% зиёдтар аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Ҳаҷми содирот дар ин давра 410 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,2 млн. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми 5 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1,7 млрд. долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2018 ба андозаи 1,7% зиёдтар аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ҳаҷми содирот дар ин давра 410 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,2 млн. доллар камтар аст.

Тӯли моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти маҳсулот ба кишвар ба маблағи беш аз 1,3 млрд. доллар сурат гирифтааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 47,4 млн. доллар зиёдтар аст.

Қариб 44% дар сохтори содирот ба маҳсулоти минералӣ (ашёи хом), беш аз 20,6% – ба фулузоти нимқиматбаҳо ва маснӯот аз он (асосан алюминий) ва 19,2% ба маҳсулоти нассоҷӣ рост меояд.

Наздики чоряки воридоту молу маҳсулот  ба ҷумҳуриро аз ҳаҷми умумӣ воситаҳои нақлиёт ва мошину таҷҳизот, 19%-ро – маҳсулоти минералӣ ва 10,4%-ро маҳсулоти саноати кимиёвӣ ташкил медиҳанд.

Тӯли панҷ моҳи соли равон Тоҷикистон бо 100 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (415 млн. доллар), Қазоқистон (348 млн. доллар), Чин (244 млн. доллар) ва Ӯзбекистон (133 млн. доллар) дониста мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.