Шикояти украинӣ мансабдорони воломақоми Агенти маводи нашъаоварро аз мансаб сабукдӯш кард

Date:

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиати сармоягузори украинӣ Виталий Костюкро дар хусуси аз ҷониби сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд Сангинзода Мирзоравшан ва муовини сардори шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Неъматзода Шариф Камол поймол намудани ҳуқуқояш ҳангоми бозгашт мавриди пайгирӣ қарор дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, тибқи хулосаи санҷиши хизматӣ кирдори ғайриоинномавии Сангинзода Мирзоравшан ва Неъматзода Шариф Камол муайян гардида, онҳо аз вазифаи ишғолнамудаашон озод ва аз хизмат дар ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовар хориҷ карда шуданд.

Гуфта мешавад, нисбати рафтори шахсони мазкур, ки айни замон аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор тафтиш мегардад, баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.

Дар шикояти худ шаҳрванди Украина Витайлий Костюк қайд карда буд, ки охири моҳи май ба Тошканд ва сипас ба Душанбе омада, дар ин ҷо “барои шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати ба Тоҷикистон ворид шудани чанде аз сармоягузорони бузург” бо тоҷирони маҳаллӣ гуфтушунид карданӣ буд”.

Дар марз бо Тоҷикистон, дар қаламрави шаҳри Панҷакент автомашинаи онҳоро чор нафар шахсон бо сарулибоси мулкӣ боздошт намуда, супориш медиҳанд, ки барои санҷиш ба шаҳр мераванд. Баъди азназаргузаронии чизҳои шахсӣ ва автомобил, ҳеҷ гуна санаде тартиб надода, кормандони милитсия соҳибкор ва ҳамсафари ӯро маҷбур мекунанд, ки бо автомашинаи шахсиаш ҳамроҳи ду корманди Агентии маводи нашъаовар ба Хуҷанд раванд. Шиносномаи онҳоро гирифта, супориш медиҳанд, ки алоқаи телефони мобилиашонро қатъ кунанд.

“Моро озод накарда, шарҳ ҳам намедоданд, ки сабаби боздошти мо чист. Муддати чор соат ҳар 10 дақиқа моро огоҳ мекарданд, ки ба ҷое рафтан манъ аст, зеро онҳо ба хадамоти гуногун дархостҳои зиёд фиристодаанд”, – навишта буд дар шикояти худ ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Виталий Костюк.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин соҳибкорӣ украинӣ гуфта буд, бо нияти сармоягузорӣ ба Тоҷикистон омад, вале баъд аз он ки пешниҳоди баъзе афроди баландпояро барои ҳамкорӣ бо онҳо напазируфт, ба чунин мушкил дучор шудааст.

Виталий Костюк дар муроҷиатномаи худ навишта буд, ки "агар дар кишвари шумо чунин ҳолат меъёри қонун бошад, бубахшед, вале поямро ба чунин кишвар намемонам."

Аввали ҳамин ҳафта сомонаи расонаи мустақили “Ахбор” бо истинод ба манбаи худ дар ин робита хабар дод, ки сардори Раёсати Агентии маводи нашъаовар дар вилояти Суғд полковник Мирзоравшан Сангинзода аз соҳибкори украинӣ талаб кардаааст, ки дар Тоҷикистон фақат бо вай ва одамони вай кор кунад, вале Костюк ҳангоми боздидаш аз Душанбе пешниҳодҳои беҳтаре барои ҳамкорӣ пайдо карда, аз ҳамкорӣ бо Сангинзода ва одамони ӯ даст кашидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...