Машқҳои дастаҷамъонаи 5 ҳазор нафар душанбегиҳо ба муносибати Рӯзи ҳаракати олимпӣ

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҳаракати олимпӣ дар кишвар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузории як силсила чорабиниҳоро ба нақша гирифтаааст, ки иштироки васеи ҷавонону варзишгарон, собиқадорони соҳа ва устодони варзиш дар онҳо дар назар аст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва […]

Asia-Plus

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҳаракати олимпӣ дар кишвар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузории як силсила чорабиниҳоро ба нақша гирифтаааст, ки иштироки васеи ҷавонону варзишгарон, собиқадорони соҳа ва устодони варзиш дар онҳо дар назар аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, санаи 22 май соати 6:00 дар назди Шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахти кишвар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ  бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар доир карда мешавад.

Гуфта мешавад, ба ин муносибат рӯзи 21 июн дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов конфронси илмӣ назарявӣ бо иштироки олимон ва муҳаққиқони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар маврзӯи “Нақши Пешвои миллат дар рушди ҳаракати олимпии Тоҷикистон ва ҷаҳон” доир карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки чунин чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи ҳаракати олимпӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳандозӣ карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.