Сафи кумакрасонон ба Тоҷикистон каму ҳаҷми он афзуд

Давоми моҳҳои январ-майи соли равон ба Тоҷикистон ҳамагӣ ба маблағи умумии 21 млн. 6870 ҳазор доллар кумаки башардӯстона ворид шудааст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ин нишондиҳанда 12,1% ё худ ба маблағи 2 млн. 345 ҳазор доллар бештар мебошад. Дар ҳамин ҳол, шумори давлатҳое, ки имсол […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-майи соли равон ба Тоҷикистон ҳамагӣ ба маблағи умумии 21 млн. 6870 ҳазор доллар кумаки башардӯстона ворид шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ин нишондиҳанда 12,1% ё худ ба маблағи 2 млн. 345 ҳазор доллар бештар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, шумори давлатҳое, ки имсол ба Тоҷикистон кумаки башурдӯстона расонидаанд, кам шудааст.

Тӯли 5 моҳи соли гузашта ба Тоҷикистон аз ҷониби 46 кишвари ҷаҳон кумки башардӯстона расида, имсол шумори давлатҳо 41 ададро ташкил медиҳад.

Миёни кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ вазни қиёсии зиёдтар аз рӯи арзиш ба Русия (53,3%), Швейтсария (13,1%) ва Чин (8,2%) рост меояд.

Дар ҳамин давраи соли гузашта низ ҳиссаи аз ҳама зиёдтарро дар ҳаҷми умумии кумак ҳамин кишварҳо доштанд, лекин дар ҳаҷмҳои начандон зиёд: Русия (18,2%), Швейтсария (11,7%) ва Чин (10,9%).

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.