Кордзании зодаи Тоҷикистон ба корманди пулис дар вилояти Маскав

Дар вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст, ки зимни санҷиши ҳуҷҷатҳояш аз ҷониби корманди пулис ба ӯ бо корд ҳамла кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати минтақавии ВКД. Замони боздошти тоҷикистонӣ дар камераҳои мушоҳидавӣ сабт шудааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Вести. ру. Ҳамла дар шаҳраки Фрязино замоне сурат гирифтааст, ки корманди пулис ҷавонеро дар […]

Asia-Plus

Дар вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст, ки зимни санҷиши ҳуҷҷатҳояш аз ҷониби корманди пулис ба ӯ бо корд ҳамла кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати минтақавии ВКД. Замони боздошти тоҷикистонӣ дар камераҳои мушоҳидавӣ сабт шудааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Вести. ру.

Ҳамла дар шаҳраки Фрязино замоне сурат гирифтааст, ки корманди пулис ҷавонеро дар хиёбони Мир боздошт мекунад, ки аз рӯи аломатҳо ба ҷинояткори мавриди ҷустуҷӯ монандӣ доштааст. Пас аз санҷиши ҳуҷҷатҳо корманди пулис ба ӯ пешниҳод мекунад, ки ҳамроҳаш ба шуъба раванд, лекин ҷавон дарҳол бо корд ба шиками ӯ зарба мезанад.

Корманди пулис бо захми корд дар шикам ба бемористон бистарӣ шуда, ҷавон аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, лекин тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ӯ ба зудӣ дастгир мешавад. Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна кормандони пулис ҷавонони нимаурёнеро, ки бо футболкаҳояшон рӯяшонро пинҳон мекунанд, боздошт кардаанд. Яке аз онҳо кӯшиши гурехтан намуда, лекин бо огоҳии истифода аз силоҳ таслим ва ба замин хоб меравад.

Гуфта мешавад, айни замон таҳиқи ин ҳодиса идома дошта, дар фурсати наздиктарини оид ба чорагирии минбаъда нисбати боздоштшуда тасмим гирифта хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.