Суръати баланди афзоиши истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон

Соли ҷорӣ суръати истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафт. Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта давоми 5 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли металли №1 (тилло) ба андозаи 60,8% ва металли №2 (нуқра) – 37,6% афзуд. Дар сохторҳои расмии кишвар аз пешниҳоди […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли ҷорӣ суръати истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафт.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта давоми 5 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли металли №1 (тилло) ба андозаи 60,8% ва металли №2 (нуқра) – 37,6% афзуд.

Дар сохторҳои расмии кишвар аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо худдорӣ варзида, изҳор медоранд, ки чунин маълумот махфӣ аст.

Соли гузашта дар Тоҷикистон рекорди нави истеҳсоли тилло гузошта шуда, дар ҷумҳурӣ беш аз 6,4 тонна ин навъи металли гаронбаҳо (афзоиш нисбат ба соли 2017 – қариб 17%) истеҳсол шуд.

Ҳамаи тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ харидорӣ мешавад.

Дар гузориши моҳи апрелии World Gold Council (Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба тилло) қайд шуд, ки Бонки милии Тоҷикистон нимсолаи аввали соли равон 1 тонна тилло фурӯхтааст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон захираҳои зиёди тилло мавҷуд аст. Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст. Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.

Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба он рост меояд.

Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.