Даъвати М.Убайдуллоев ба шакли нави ҳамкории байнипарлумонӣ

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин дар кори Форуми II байнулмилалӣ дар Маскав иштирок дорад. Тавре ба “Азия-Плюс” ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода хабар дод, дар кори форум беш аз 800 нафар сиёсатмадорон аз 131 кишвари саросари ҷаҳон ширкат варзида, кори он […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин дар кори Форуми II байнулмилалӣ дар Маскав иштирок дорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода хабар дод, дар кори форум беш аз 800 нафар сиёсатмадорон аз 131 кишвари саросари ҷаҳон ширкат варзида, кори он 4 июл ба итмом мерасад.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи форум Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид доштааст, ки “равандҳои сартосарии ҷаҳонӣ (глобалӣ) воқеан роҳандозии шакли нави ҳамкории байнипарлумониро тақозо менамоянд”.

“Парламентаризми муосир ҳамчун ниҳоди аз ҳама бештар демократии намояндагии мардумӣ, ки ҳокимияти қонунгузор аст, ба назари мо, бо такя ба асосҳои ҳуқуқӣ бояд дар саросари дунё ба рушди тадриҷии ҷомеа мусоидат намуда, талошҳоро баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ, рафъи таҳдиду чолишҳои ташвишовар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муттаҳид созад”, –  қайд кардааст Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҳамчунин зикр намудааст, ки барои ҳаллу фасли мушкилоти сартосарии ҷаҳонӣ муттаҳид сохтани талошҳои ҳамаи давлатҳо зарур аст.

“Тоҷикистон ба сифати узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша фаъолона ҷонибдори сиёсати рушди таҳкими ҳамкории бисёрҷониба, амалисозии тадбирҳои ҳамаҷонибаи таҳкими эътимод дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ, экологӣ ва гуманитарӣ тариқи муколамаи созанда аст”, – илова кардааст Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.