Давлаталӣ Саид: БАТР шарики асосӣ ва боэътимоди Тоҷикистон аст

Дар доираи сафари расмии Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Сума Чакрабарти ба Тоҷикистон санаи 1 июл дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» вохӯрии Президенти Бонк бо роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорон ва воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои рушди бахши хусусӣ ва ҳамгироии минтақавӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмии Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Сума Чакрабарти ба Тоҷикистон санаи 1 июл дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» вохӯрии Президенти Бонк бо роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорон ва воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои рушди бахши хусусӣ ва ҳамгироии минтақавӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, чорабиниро раиси Кумитаи мазкур Фаррух Ҳамрализода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ташрифи Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабартиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Сипас, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид баромад намуда, қайд намуд, ки мо Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро яке аз шарики асосӣ ва боэътимоди худ мешуморем, ва миннатдории худро ба роҳбарияти бонк, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд изҳор намуд.

Баъд аз суханронии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Сума Чакрабарти суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ меҳмонон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва бахши хусусию соҳибкорон иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрӣ мубодилаи афкор байни иштирокчиён баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 фаъолият намуда истодааст.

Фаъолияти Бонк дар ҷумҳурӣ асосан ба рушди бахши хусусӣ, таҳкими бахши молиявӣ, дастгирии инфрасохтори муҳим ва беҳсозии сифати таъминот бо нерӯи барқ, идоракунӣ ва сарфаи нерӯи барқ, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ, рушди соҳаи нақлиёт равона карда шудааст.

Ба ҳолати 1 июни соли 2019 маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда ва анҷомёфтаи Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи умумии зиёда аз 840 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд, ки аз ин 585 млн. доллари ИМА ба бахши давлатӣ ва беш аз 260 млн. доллари ИМА ба бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ, равона гардидааст.

Айни замон, дар ҷумҳурӣ бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 22 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика ва нақлиёт ба маблағи 521,7 млн. доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд.

Инчунин, аз ҷониби Бонки мазкур маблағгузории 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши давлатӣ ба маблағи 290,4 млн доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тариқи рушди бахши хусусӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат идома хоҳанд дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.