Баъди аз ҷониби ҳукумат 250 сомонӣ эълон шудани нархи нави симкорт ва дубора бақайдгирии он, издиҳоми мардум ба дафтарҳои кории ширкатҳои алоқаи мобилӣ шитофтанд. Онҳо муддати зиёд навбат поида, баҳсу мунозира мекунанд ва ба асли воқеа сарфаҳм рафта наметавонанд.
Ширкатҳои мобилӣ изҳор мекунанд, ки то 1 сентябр барои хизматрасонӣ ба ҳамаи муроҷиаткунандагон фурсат намеёбанд ва аз мақомоти дахлдор дархост намуданд, ки ин муҳлатро то моҳи ноябр мавқуф гузоранд.
Ширкатҳо посухро интизор буда, одамон бошанд, боз навбат мегиранд, то ки бо нархи панҷ ё се сомонӣ симкорт харанд ё симкорторо дубора ба ном корбари воқеӣ ба қайд гузоранд.
«Се рӯз аст, ки навбат мепоям, як симкорт дорам. Алҳол, ки симкортҳо арзону нархашон ночиз аст, мехоҳам ба номи фарзанди мактабхонам як симкорти дигар гирам», – мегӯяд муштарии «Вавилон-М».
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.