Коршинос: тасмими интиқоли маҳбусон бо автомашинаҳо хатари зиёд дошт

Тасмими раҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар бораи интиқоли маҳбусон тариқи автомашинаҳои махсуси барои ин амал таъиншуда (автозакҳо) хатари зиёд дошт, изҳор дошт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” мутахассисе, ки дар низоми ислоҳии Тоҷикистон беш аз 50 сол собиқаи корӣ дорад. “Давоми таҷрибаи кории ман ба чунин роҳи дур то ин қадр маҳбусони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тасмими раҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар бораи интиқоли маҳбусон тариқи автомашинаҳои махсуси барои ин амал таъиншуда (автозакҳо) хатари зиёд дошт, изҳор дошт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” мутахассисе, ки дар низоми ислоҳии Тоҷикистон беш аз 50 сол собиқаи корӣ дорад.

“Давоми таҷрибаи кории ман ба чунин роҳи дур то ин қадр маҳбусони шуморашон хеле зиёдро бо автомашинаҳо ҳеҷ гоҳ интиқол надода буданд. Онҳоро аз шимол ба ҷануб ҳамеша дар вагонҳои махус тариқи роҳи оҳан мефиристоданд”, – иброз дошт ин коршинос, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

“Роҳ аз Хуҷанд ба Душанбе на беш аз 6 соат вақтро талаб мекунад. Агар ба интиқоли маҳбусон бо автомашинаҳо хеле зиёд зарурат пеш омада буд, онҳоро на дар роҳ, балки пеш аз сафар дар Хуҷанд бо хӯроки гарм таъмин кардан лозим буд. Ғайр аз ин, интиқоли чунин шумори зиёди маҳбусон (128 нафар) тариқи автомашинаҳо барои гурехтани онҳо низ хатари зиёд пеш меорад, ки инро бояд ҳама кормандони ин низом бахубӣ донанд”, – таъкид дошт коршинос.

Дар идома ӯ қайд кард, ки “ҷой додани 128 нафар маҳбусон ҳатто дар автомашинаи бузургҳаҷм низ бо иловаи посбонон ба ҳеҷ як меъёре дуруст намеояд”.

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия шарҳи назари коршиносро дар мавриди ин масъала қотеъона ба “Азия-Плюс” рад намуданд.

“Доир ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад, ки гунаҳкоронро ошкор мекунад”, – гуфтанд дар Сарраёсат.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7 июл ҳангоми интиқоли маҳбусон аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе 14 нафар аз онҳо бар асасри заҳролудшавӣ фавтиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.