Даъвати аъзои ҳукумат ба ҷамъомади сафарбарии ҳарбӣ

Ҷамъомади ҳарбӣ дар Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ ва машқгоҳи Фахрободи вилояти Хатлон баргузор шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, назди иштирокчиёни ҷамъомад котиби Шӯрои амнияти кишвар Маҳмадалӣ Ватанзода ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо суханронӣ намудаанд. Дар суханрониҳои худ онҳо қайд кардаанд, ки “дар шароити бесуботӣ дар баъзе кишварҳои […]

Ҷамъомади ҳарбӣ дар Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ ва машқгоҳи Фахрободи вилояти Хатлон баргузор шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, назди иштирокчиёни ҷамъомад котиби Шӯрои амнияти кишвар Маҳмадалӣ Ватанзода ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо суханронӣ намудаанд.

Дар суханрониҳои худ онҳо қайд кардаанд, ки “дар шароити бесуботӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ва минтақа ҳар кадоме аз шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла аъзои ҳукумати Тоҷикистон бояд ба хубӣ бидонанд, ки дар ҳолати рух додани низоъ ва муқовиматҳои мусаллаҳона чӣ гуна рафтор намоянд”.

Дар доираи ҷамъомад дар қаламрави машқгоҳи таълимии Фахробод иштирокчиёни он бо силоҳу муҳимот ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиа аз наздик шинос шуда, аз таппончаву автоматҳо сӯи ҳадафҳо ба таври санҷишӣ тирпарронӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.