Ғалабаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019»

Дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон бозии даври якуми мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт.  Тибқи иттилои манбаъ, қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи […]

Дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон бозии даври якуми мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. 

Тибқи иттилои манбаъ, қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом пазируфта, дар қисми дуюми бозӣ футболбозони тоҷик дарвозабони дастаи мунтахаби Ҳиндустонро маҷбур намуданд, ки чор бор тӯбро аз дарвозааш берун орад.

Гуфта мешавад, ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон  Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро бо пирӯзӣ оғоз намуд. Дар даври дуюм, санаи 10 июл мунтахаби Тоҷикистон бо тими Сурия бозӣ мекунад, ки имрӯз вохӯрии ин даста бо Кореяи Шимолӣ доир мегардад. Дар даври ниҳоӣ, санаи 15 июл футболбозони тоҷик бо дастаи Кореяи Шимолӣ вомехӯранд.

Дар мусобиқаи байнулмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дастаҳо якборӣ бо ҳам вохӯрда, сипас аз рӯи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ, ду дастаи беҳтарин санаи 19 июл дар бозии финалӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «ЕКА Arena» дар шаҳри Аҳмадобод, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 дақиқа ба вақти Душанбе) оғоз мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.