Таъсиси бонки ҳуҷайраҳои бунёдии инсон дар Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон бо пешниҳоди Вазорати рушди навоварӣ дар заминаи Маркази фанновариҳои пешрафтаи ин кишвар ва иштироки Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотӣ-илмии гематология ва хунгузаронӣ бонки ҳуҷайраҳои бунёдии инсон таъсис доданианд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, феҳристи бонк ба муассисаҳои тиббии Ӯзбекистон маълумот дар бораи мавҷуд будани намунаи ҳуҷайраҳои бунёдиро барои пайванд ба бемороне пешниҳод хоҳад кард, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Ӯзбекистон бо пешниҳоди Вазорати рушди навоварӣ дар заминаи Маркази фанновариҳои пешрафтаи ин кишвар ва иштироки Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотӣ-илмии гематология ва хунгузаронӣ бонки ҳуҷайраҳои бунёдии инсон таъсис доданианд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, феҳристи бонк ба муассисаҳои тиббии Ӯзбекистон маълумот дар бораи мавҷуд будани намунаи ҳуҷайраҳои бунёдиро барои пайванд ба бемороне пешниҳод хоҳад кард, ки аз саратон, камхунӣ, бемории шуоъ ва касалиҳои дигари вазнин ранҷ мебаранд.

Гуфта мешавад, дар сурати осеб дидани мағзи устухони худи бемор зарурати интихоби донори ҳуҷайраҳои бунёдии ин навъи мағз ба миён меояд.

"Дар он замон вақт барои бемор хеле гарон аст", – оварда шудааст аз иттилоияи Вазорати рушди навовариҳои Ӯзбекистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.