Муҳлати корҳои таъмиру навсозии роҳҳои Душанбе тӯл мекашад

Дар доираи корҳои таъмиру навсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ (аз “Моҳи нав” то Сирк), нимаи моҳи апрел роҳҳои ин мавзеъ дар қисмати роҳ аз Яккачинор то оғози ҳалқа назди бинои Суди олӣ баста шуд. Он замон аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буданд, ки корҳо дар ин қитъа муддати як моҳ идома меёбанд, вале […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи корҳои таъмиру навсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ (аз “Моҳи нав” то Сирк), нимаи моҳи апрел роҳҳои ин мавзеъ дар қисмати роҳ аз Яккачинор то оғози ҳалқа назди бинои Суди олӣ баста шуд.

Он замон аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буданд, ки корҳо дар ин қитъа муддати як моҳ идома меёбанд, вале имрӯз дар ин маврид қайд карданд, ки корҳо дар қитъаи роҳҳои ин мавзеъ аввали моҳи сентябр ба охир мерасанд.

“Аввал анҷоми корҳо дар қитъаи мазкур муддати 30 рӯз дар назар буд, лекин баъди оғози корҳо мушкилоти марбут ба ивази қубурҳои коммуникатсионӣ ва хатти шабакаи барқ рӯйи кор омад”, – гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Корҳои таъмири асосии яке аз хиёбонҳои асосии пойтахти Тоҷикистон – қитъаи роҳи аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то аввалин дар шаҳр эстакадаи сесатҳа, ки дар маҳаллаи 82-юм сохта шудааст ва аз эстакада то дарвозаҳои ғарбии шаҳр 27 сентябри соли 2018 оғоз гардида, мувофиқи нақша наздикиҳои фарорасии ҷашни Наврӯзи соли 2020 ба итмом мерасад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Равуои нақлиёт бо ин роҳ айни замон аз самти маҳаллаи 84-ум ба самти маҳаллаи 112-ум ба роҳ монда шудааст.

Охири моҳи феврали соли 2018 дар робита ба сохтмони эстакадаи дуюми сесатҳа, равуои нақлиёт тариқи роҳи ҳалқавӣ дар мавзеи Қарияи Боло манъ шуд.

Эстакада дар доираи лоиҳаи беҳтар кардани вазъи роҳи мошингарди минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе сохта мешавад.

Бино ба иттилои як манбаъ дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, анҷоми корҳои бунёди эстакада охири моҳи декабри соли равон ба нақша гирифта шудааст.

“Мувофиқи нақша сохтмони роҳ мебоист моҳи марти соли 2020 ба анҷом мерасид, лекин бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо кӯшиш мекунем, ки ин иншоотро охири моҳи декабри соли ҷорӣ ба истифода диҳем”, – гуфт манбаъ дар Вазорати нақлиёт.

Ёдрас мекунем, ки барои амалисозии лоиҳаи мазкур харҷи беш аз 92,4 млн. доллар маблағ зарур аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.