Шаҳрванди Тоҷикистон 1 млн. доллари ширкати ҳавопаймоии эрониро бо фиреб азхуд кард

Ҳукм нисбати шаҳрвнади Тоҷикистон бо номи Р.А.Ҳайдаров аз ҷониби суди ноҳияи Синои пойтахт содир шудааст, хабар медиҳад Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, Ҳайдаров бо ҷурми қаллобӣ ва додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хриҷӣ ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст. Қайд мешавад, ки маҳкумшуда замони дар вазифаи директори ширкати “Аҷам-Авиа” кор карданаш дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукм нисбати шаҳрвнади Тоҷикистон бо номи Р.А.Ҳайдаров аз ҷониби суди ноҳияи Синои пойтахт содир шудааст, хабар медиҳад Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, Ҳайдаров бо ҷурми қаллобӣ ва додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хриҷӣ ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст.

Қайд мешавад, ки маҳкумшуда замони дар вазифаи директори ширкати “Аҷам-Авиа” кор карданаш дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба ин ҷиноят даст задааст.

“Ҳайдаров ба боварии намояндагони масъули ширкати ҳавопаймоии эронии «Taban Airlines» даромада, аз онҳо ҳудуди 1 млн. доллар мегирад ва азхуд мекунад. Ба ин маблағ ӯ уҳдадор мешавад, ки ба ширкати эронӣ муҳаррики ҳавопаймои тамғаи «Боинг 757-200» дастрас мекунад, вале ин корро ба анҷом намерасонад”, – омадааст дар хабар.

Ғайр аз ин, зикр мешавад, ки бо ин амалҳои худ Ҳайдаров ба ширкати ҳавопамйоии “Нахустлизинг”-и Тоҷикистон низ хисороти зиёди молӣ мерасонад.

Нисбати Ҳайдаров мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 286 (Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвнадаи ҷиноятӣ боз шуда, бо қарори суд ӯ ба 13 соли зидон маҳкум шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки як адад автомашинаи тамғаи «BMW»-и маҳкумшуда арзишаш 16 ҳазор доллари ИМА ва аз ҳисоби Ҳайдаров Р.А. маблағи 987.750 доллари ИМА ба фоидаи ширкати ҳавопаймоии «Тобон Эйрлайн» рӯёнида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.