Чӣ гуна Ӯзбекистон рӯзномаи тоҷикзабони қадимаи “Овози тоҷик”-ро дастгирӣ мекунад

Имсол аз замони таъсиси нашрияи ҷумҳуриявии ҷамъиятӣ-сиёсии Ӯзбекистон “Овози тоҷик” расо 95 сол пур мешавад. Рӯзнома айни замон дучори мушкилоти молиявӣ шудааст. Дар кишвари дигар шояд чунин ҳолат боиси қатъи чоп мешуд, аммо барои идомаи нашри он давлат кумак мерасонад. Муассиси ин нашрияи қадимтарини тоҷикзабон Садриддин Айнӣ буд. Он дар замони шӯравӣ яке аз рӯзномаҳои серхонандаи мақомоти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти […]

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Имсол аз замони таъсиси нашрияи ҷумҳуриявии ҷамъиятӣ-сиёсии Ӯзбекистон “Овози тоҷик” расо 95 сол пур мешавад. Рӯзнома айни замон дучори мушкилоти молиявӣ шудааст. Дар кишвари дигар шояд чунин ҳолат боиси қатъи чоп мешуд, аммо барои идомаи нашри он давлат кумак мерасонад.

Муассиси ин нашрияи қадимтарини тоҷикзабон Садриддин Айнӣ буд. Он дар замони шӯравӣ яке аз рӯзномаҳои серхонандаи мақомоти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Ӯзбекистон ба шумор мерафт ва теъдоди чопаш ба 35 ҳазор нусха мерасид.

“Айни замон теъдоди рӯзнома ҳамагӣ 2 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Азбаски дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон обунаи маҷбурӣ аз байн бардошта шуд, теъдоди нашр поин рафт. Умед дорем, ки тоҷикони бонангу номус рӯзномаи худро, ки ба забони тоҷикӣ чоп мешавад, дастгирӣ мекунанд”, – мегӯяд сардабири “Овози тоҷик” Шерпӯлод Вакилов.

Ин рӯзномаро асосан тоҷикони Самарқанду Бухоро мутолиа мекунанд. Барои дастгирии қадимтарин рӯзномаи тоҷикзабон ҳукумати кишвари ҳамсоя чӣ тадбирҳо меандешад?

Гузориши видеоӣ дар доираи боздиди расонаии Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” ба Ӯзбекистон таҳия шудааст.

Гузориши пешин дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.