Вазорати адлия: Ҳангоми интиқоли маҳбусон меъёрҳо риоя шуда буданд

Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки ҳангоми интиқоли маҳбусон аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе рӯзи 7 июл меъёрҳо риоя шуда буданд. Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар мавриди барои кашонидани чанд нафар пешбинӣ шудани автомашинаҳо барои интиқоли маҳбусон чунин посух дода шуд: “Ин 3-4 адад автомашина аст, […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки ҳангоми интиқоли маҳбусон аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе рӯзи 7 июл меъёрҳо риоя шуда буданд.

Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар мавриди барои кашонидани чанд нафар пешбинӣ шудани автомашинаҳо барои интиқоли маҳбусон чунин посух дода шуд:

“Ин 3-4 адад автомашина аст, ки махсус барои интиқоли чунин шумори маҳбусон истифода бурда мешавад. Такрор мекунам, мо қоидаҳои интиқоли зиндониёнро риоя кардем. Тӯли камтар аз 6 соати сафар 6 маротиба таваққуф сурат гирифт, то ки онҳо ба берун баромада, аз ҳавои тоза нафас гиранд, ба ҳоҷатхона раванд. Онҳоро бо оби нӯшокӣ таъмин кардем”.

Бино ба гуфтаи вазир, Прокуратураи генералӣ айни замон ба дақиқан муайян кардани ҳамаи ҳолатҳои ин ҳодиса машғул аст.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки далелҳои наздикони маҳбусони фавтида дар бораи ҷой доштани осори лату кӯб дар ҷасади онҳо низ аз ҷониби комиссия мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

“Мо ҳам натиҷаҳои ташхис ва хулосаи Прокуратураи генералиро интизорем”, – илова кард вазири адлияи ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, санаи 7 июл 128 нафар маҳбусон, ки 8 нафарашон занон буданд, дар се автомашинаи махсус аз Хуҷанду Истаравшан ба муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Душанбеву Норак ва ноҳияи Ёвон интиқол дода шуданд.

Дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Дар натиҷа пас аз истеъмоли он 16 нафар маҳбусон заҳролуд шуда, 14 нафарашон фавтиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.