Суғд: наҷоти чор кӯҳкан аз чуқурии 270 метр

Панҷ  нафар кормандони взводи ҳарбии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд чаҳор тан кӯҳканҳои дар умқи 270 метр дармондаро берун оварданд ва ҷонашонро аз хатар наҷот доданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳодиса рӯзи 17 июли соли равон дар майдони амудии кони №8 мутааллиқ ба ҶСК “Ангишт”-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд […]

Asia-Plus

Панҷ  нафар кормандони взводи ҳарбии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд чаҳор тан кӯҳканҳои дар умқи 270 метр дармондаро берун оварданд ва ҷонашонро аз хатар наҷот доданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳодиса рӯзи 17 июли соли равон дар майдони амудии кони №8 мутааллиқ ба ҶСК “Ангишт”-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд рух додааст.  

Гуфта мешавад, рӯзи17 июли соли равон дар майдони амудии кони №8 мутааллиқ ба корхонаи “Ангишт”-и шаҳри Исфара ҳодисаи садамаи пурхавфу хатар рух дод.

“Барои муайян намудани сабабҳои садама ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ба ҷойи ҳодиса фавран 5 нафар кормандони взводи ҳарбии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муҳандиси минтақавии роҳандозии корҳои пешгирӣ аз ҳаводиси нохуш А.Эшонбобоев ва фармондеҳи взводи наҷоти кӯҳӣ И.Маликов эъзом гардиданд”, – омадааст дар хабари Кумита. 

Зикр мегардад, ки дар аввалин бозрасӣ маълум гардид, ки сабаби ин ҳодиса канда шудани қубури махзани интиқоли оби кони рақами 8 аз қубури гармидиҳанда будааст, ки дар натиҷаи фалокат қубур ба чоҳи кон сарозер шудааст ва роҳи хуруҷи ангиштканонро, ки ин замон дар дохил буданд, бастааст.

 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.