Қушӯнҳои сарҳадӣ: баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу суботро дар хати марз намехоҳанд

Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар робита ба муноқишаи чанде қабл рухдода дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар сомонаи АМИТ “Ховар” изҳороти расмӣ нашр намуд. “Сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, […]

Asia-Plus

Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар робита ба муноқишаи чанде қабл рухдода дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар сомонаи АМИТ “Ховар” изҳороти расмӣ нашр намуд.

“Сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, аз ҷумла дар симчӯби ҳудуди ҷамоати Ворух парчами давлатии Тоҷикистонро овезон намуданд”, – қайд мешавад дар изҳорот.

Гуфта мешавад, тахминан соати 16:35 дақиқа ба ин ҳолат шаҳрвандони Қирғизистон  монеа шуда,  худсарона заминро кофта, навиштаҷоти «Оқсой» ва парчами кишварашонро насб карданд.

“Азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад”, – зикр мегардад дар изҳорот.

Таъкид мешавад, ки қирғизҳо дар баробари сангпартоӣ, инчунин аз силоҳ истифода бурданд, ки бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ ва инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд ва бо истифода аз фурсат шаҳрвандони Қирғизистон ғайриқонунӣ роҳи «Исфара-Ворух»-ро бастаанд.

“Маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон намояндагони расмии ниҳодҳои сарҳадбони Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти дахлдори ҳарду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.