Эҳтиёт: “Орбит” ва “Кока-кола”-и тамғаи қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта дар фурӯш!

Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз нуқтаҳои савдо ва бозорҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 2035 баста сақичи «Орбит» ва 3662 баста офтобпараст бо тамғаи қалбакӣ ошкор ва аз муомила гирифта шуд. Дар ин бора директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода дар нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод. Ба гуфтаи мавсуф, ҳамчунин бо дархости ширкати тиҷоратии “Мегаполис” 14645 литр […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз нуқтаҳои савдо ва бозорҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 2035 баста сақичи «Орбит» ва 3662 баста офтобпараст бо тамғаи қалбакӣ ошкор ва аз муомила гирифта шуд. Дар ин бора директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода дар нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, ҳамчунин бо дархости ширкати тиҷоратии “Мегаполис” 14645 литр нӯшокиҳои муҳлати истифодаашон гузаштаи тамғаҳои “Кока-кола”, “Фанта”, “Спрайт” тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда шудаанд.

Инчунин, аз ҶДММ “Реал Трейдинг” 689 кг маҳсулоти ғизоӣ, “Рушон” 676 кг ғизои кӯдакона ва ҷамъияти “Марям Мухторпур” ба миқдори 3800 кг вафлии хушк нобуд карда шудааст. 

Қудрат Давлатзода, илова кард, ки барои саломатии сокинон бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ҷумла журналистон бо онҳо робитаи зич дошта бошанд, то тавонанд мушкилиро паси сар намоянд.

“Барои мо солимии аҳолӣ хеле муҳим аст ва барои ҳалли мушкилот шабу рӯз кор мекунем то маҳсулотҳои муҳлати истифодаашон гузашта ва пастсифатро тавонем нест кунем. Бо тоҷирон ва соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем то худашон тавонанд маҳсулоти худро супоранд”, – таъкид дошт ӯ. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.