Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 сентябр бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор шуд.
Давоми ду рӯз Сарвари давлат дар маросимҳои ифтитоҳи мактаб дар ноҳияи Ванҷ, сутунпояи Парчами давлатӣ дар Дарвоз, беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ дар Роштқалъа иштирок карда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузошт.
Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва фаъолони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ мулоқот карда, онҳоро ба корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намуд. Сафари Сарвари давлат ба ин минтақа идома дорад.
Гузориши аксӣ аз пешвози Сарвари давлат дар Хоруғ манзуратон мегардад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.