Боздошти блогерон барои навори видео бо фоҳишаҳо

Чор нафар блогерони тоҷик барои гузоштани навори видео бо номи “Барон ва Рустам, рейди фоҳишаҳо дар трасса” дар YouTube боздошт шуданд. Навори ба истилоҳ блогерон бобати дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба фоҳишагӣ даст задани занону духтарон мавриди вокуниш ва интиқоди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, ба муроҷиати занону духтарон ба Раёсати ВКД дар шаҳри […]

Asia-Plus

Чор нафар блогерони тоҷик барои гузоштани навори видео бо номи “Барон ва Рустам, рейди фоҳишаҳо дар трасса” дар YouTube боздошт шуданд.

Навори ба истилоҳ блогерон бобати дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба фоҳишагӣ даст задани занону духтарон мавриди вокуниш ва интиқоди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, ба муроҷиати занону духтарон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боис гардид ва муроҷиаткунандагон хостори андешидани чораҳои қонунӣ нисбати таҳиякунандагон ва пахшкунандагони навори мазкур дар шабакаи Интернет шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти РВКД Душанбе.

“Воқеан таҳиякунандагони ин навор меъёрҳои ахлоқиро риоя накарда, дар баробари ошкорнамоии шахсияти онҳо ҳамзамон шаъну шарафи занону духтаронро бо ин роҳ паст задаанд”, – омадааст дар маълумот.

Тибқи маълумоти мақомоти милитсия, дар баробари блогерон ҳамчунин ду нафар барномасоз-танзимгарони навори видео низ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон инҳоянд: блогерон – Беҳрӯз Шарифии 27-сола ва Рустам Ашӯрови 30-сола; барномасоз-танзимгарон – Шаҳриёр Ҷалилови 24-сола ва Юсуфҷони Давлатмуроди 19-сола.

Қайд мешавад, ки нисбати боздоштшудагон тибқи муқаррароти моддаи 144 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳайёти шахсӣ), парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакии он аз рӯи тобеият дар мақомоти Прокуратураи шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.

Дар ин модда ба сифати ҷазо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 120 то 180 соат ё ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 1 сол  ё ҳабс ба муҳлати то 4 моҳ пешбинӣ шудааст.

Дар маълумот зикр мегардад, ки нафароне, ки худро блогер медонанду бо ин роҳ мехоҳанд маблағ ба даст оваранд, бояд меъёрҳои ахлоқиро риоя намуда, дар доираи қонун фаъолиятро ба роҳ монанд.

“Илова бар ин, дар навори мазкур хусусияти тарғиботии фоҳишагӣ ва тарзу усулҳои хизматрасонии кирдорҳои ғайрихлоқӣ ҷойгир карда шуда, дар он алфози қабеҳ, дашному ҳақорат, ки ба зеҳни истифодабарандагону тамошобинон таъсири манфӣ мерасонад, истифода ва нашр гардидааст”, – таъкид мешавад дар маълумот.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар робита ба масъалаи мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки дар асоси нақшаи муштарак милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ доир ба пешгирии фоҳишагӣ, танфурушӣ ва дигар кирдорҳои ғайриахлоқӣ дар ҳудуди пойтахт пайваста рейду амалиётҳои пешгирикунандаро баргузор намуда, тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар нисбати занони сабукпо муҷозоти қонунӣ таъин карда мешаванд.

Таъкид мешавад, ки аммо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи онҳо руйхат, ному насаб ва расму навори амалиётҳои баргузоргардида расонаӣ карда нашуда, танҳо барои корбарии мақомотҳои дахлдор истифода бурда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.