Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 июл 80 нафар шаҳрвандони Афғонистонро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд, ба ихтиёри Кобул супурд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ба ихтиёри Кобули расмӣ асосан шаҳрвандоне дода шудаанд, ки дар қочоқи маводи нашъаовар ва ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Тоҷикистон даст доранд.
Маҳбусони афғони ба ватан интиқолёфта дар зиндонҳои Афғонистон ба адои ҷазо идома медиҳанд.
Шаҳрвандони Афғонистон, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла муқовимати мусаллаҳона нишон додан ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни боздошт маҳкум шудаанд, ба адои ҷазо дар зиндонҳои Тоҷикистон идома медиҳанд: онҳоро интиқол намедиҳанд.
Соли 2010 вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон дар бораи табодули маҳбусон созишнома ба имзо расониданд. Баъди се сол гурӯҳи аввали маҳбусони афғон иборат аз 14 нафар ба ихтиёри ҳукумати Афғонистон супурда шуданд.
Соли 2018 наздики 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар қаламрави Афғонистон бо ҷурми терроризм ва узвият дар созмонҳои ифротгароӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд, Кобул ба ихтиёри Душанбе супурд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


