Бунёди «Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон» дар Оренбург

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо раиси Маркази мухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Толиб Баротов дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ дар Оренбург ва нақшаи чорабиниҳои муштарак суҳбат намуданд. Гуфта мешавад, Толиб Баротов иттилоъ додааст, ки […]

Asia-Plus

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо раиси Маркази мухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Толиб Баротов дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ дар Оренбург ва нақшаи чорабиниҳои муштарак суҳбат намуданд.

Гуфта мешавад, Толиб Баротов иттилоъ додааст, ки бо ташаббуси Автономияи миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия алҳол дар шаҳри Оренбург сохтмони Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон оғоз гардида, муассиса солҳои 2020-2021 ба истифода дода мешавад.

«Мақсад аз ташкили осорхонаи мазкур тарғиби фарҳанги тоҷикон аст, то тоҷикони муқими Оренбург аз таърихи ниёгон, адабиёт, илм ва санъату ҳунари аҷдодӣ огоҳ ва бархурдор бошад», – иброз доштааст Толиб Баротов.

Осорхонаи мазкур маҷмаа буда, дар он китобхона бо адабиёти шоирону нависандагони классик ва муосири тоҷик, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, толори санъати тасвирии инъикоскунандаи табиати нотакрори тоҷикӣ, асбобҳои мусиқӣ, асбобҳои рӯзгор ва нигораҳои таърихӣ, либоси миллӣ, хонаҳои тоҷикӣ ва меҳмонхонаи тоҷикӣ, ки бо усули кандакории миллии тоҷикӣ оро дода шудааст, ҷой дода мешаванд. Инчунин дар маҷмаа ошхонаи тоҷикӣ бо таомҳои миллӣ фаъолият мекунад.

Маркази худмухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия соли 2012 ба фаъолият шурӯъ карда, то ин вақт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ва ба яке аз диаспораҳои пешрави тоҷикон дар хориҷ табдил ёфтаас.

Марказ соҳиби газетаи худ бо номи «Согдиана» аст, ки қаблан бо номи «Паёми Оренбург» дарҷ мешуд. Инчунин ҷилди аввал ва дуюми китоби «Таджики в Оренбурге» ба табъ расида, алҳол нашри ҷилди сеюми китоби мазкур дар назар аст.

Боиси зикр аст, ки аз соли 1993 инҷониб шаҳри Оренбург бо шаҳри Хуҷанд расман шаҳрҳои бародар эътироф гардидаанд. Алҳол дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия 12 ҳазор нафар тоҷикон сокини муқимӣ буда, ҳамасола 6 ҳазор нафар тоҷикон дар ин вилоят бо меҳнати мавсимӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.