Писари молики бозори “Султони Кабир” ба 8,6 соли зиндон маҳкум шуд.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кабир Кабировро ба 8,6 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Кабиров писари молики бозори “Султони Кабир” – Авазхон Кабиров мебошад. Суд Кабировро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду […]

Asia-Plus

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кабир Кабировро ба 8,6 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Кабиров писари молики бозори “Султони Кабир” – Авазхон Кабиров мебошад.

Суд Кабировро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) гунаҳкор эътироф намуд.

Бино ба гуфтаи як манбаъ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, қарори суд дар ин бора ҳафтаи гузашта содир шуда, лекин ҳоло ҳукми қонунӣ нагирифтааст.

“Яъне ҳимоягарони маҳкумшуда метавонанд ба зинаи таҷдиди назар аз болои ҳукми содиршуда шикоят баранд”, – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон Кабиров дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Душанбе қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки шаби 23 март Кабир Кабирови 19-сола, писари молики бозори “Султони Кабир” дар Душанбе Аваз Кабиров, зимни идораи автомашинаи “Лексус-450” дар хиёбони Рӯдакӣ, дар маркази пойтахт ба садама дучор шуда, дар натиҷа ду муофири автомашина – Саидҷаъфар Саидови 19-сола ва Некзода Саҳобиддинзодаи 19-сола ҳалок шуданд. Мусофири сеюм – Саидвалӣ Убайдуллоев низ ҷароҳати вазнин бардошт.

Ронанда ба зиёд шудани суръати аз меъёр баланд роҳ дода, автомашина нахуст ба панҷараи бетонии назди бинои парлумон ва сипас ба симчӯб бармехӯрад.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Кабировро дар роҳ додан ба қоидавайронункунӣ зимни ҳаракат дар роҳ (қ. 3, моддаи 212 КҶ ҶТ) айбдор дониста, далели маст будани ӯ ҳангоми садама ва рух додани ҳодисаро бар асари мусобиқаи пойгаи автомашинаҳо рад кард.

“Ба воситаи камераҳои “Шаҳри бехатар” мо муайян кардем, ки то рух додани ҳодиса ӯ ба қонуншикание роҳ надода, дар чароғакҳо мошинро бозмедошт. Фарзияи дар ҳолати мастӣ аз машрубот будани ӯ низ тасдиқ нашуд”, – хабар дода буд он замон манбаъ.

Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи курси 1-уми факултаи муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.