Ҳалокати 9 нафар зимни тирпарронӣ дар Огайо

Date:

Зимни тирпарронӣ дар шаҳри Дейтон, штати Огайо 9 нафар ҳалок ва дастикам 27 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора Медуза бо истинод ба ВАО-и маҳаллӣ хабар медиҳад.

Тирпарронӣ назди яке аз қаҳвахонаҳо дар маркази шаҳр сурат гирифтааст. Ҳамлагар низ ҳалок шудааст. Ӯро кормандони пулис парронидаанд.

Бино ба маълумоти манбаъҳои CNN, шахси тирандоз Коннор Беттси 24-сола аст. Ҳадафҳояш аз ин амал алҳол маълум нест. Ҷинояткор баъди як дақиқаи оташ кушодан кушта шудааст.

Ин дуюмини куштори оммавӣ тайи як шабонарӯз дар ИМА аст. Рӯзи 3 август дар шаҳри Эл-Пасо (штати Техас), ки бо Мексика ҳамсарҳад аст, тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваста буд.

Дар натиҷа 20 нафар ҳалок ва боз 26 каси дигар осеб диданд. Гумонбар, сокини 21-солаи Техас Патрик Крузиус боздошт шуд. Пеш аз ҳамла ӯ дар интернет зидди муҳоҷирон манифест ба нашр расонида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...