Ҳалокати 9 нафар зимни тирпарронӣ дар Огайо

Зимни тирпарронӣ дар шаҳри Дейтон, штати Огайо 9 нафар ҳалок ва дастикам 27 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора Медуза бо истинод ба ВАО-и маҳаллӣ хабар медиҳад. Тирпарронӣ назди яке аз қаҳвахонаҳо дар маркази шаҳр сурат гирифтааст. Ҳамлагар низ ҳалок шудааст. Ӯро кормандони пулис парронидаанд. Бино ба маълумоти манбаъҳои CNN, шахси тирандоз Коннор Беттси […]

Зимни тирпарронӣ дар шаҳри Дейтон, штати Огайо 9 нафар ҳалок ва дастикам 27 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора Медуза бо истинод ба ВАО-и маҳаллӣ хабар медиҳад.

Тирпарронӣ назди яке аз қаҳвахонаҳо дар маркази шаҳр сурат гирифтааст. Ҳамлагар низ ҳалок шудааст. Ӯро кормандони пулис парронидаанд.

Бино ба маълумоти манбаъҳои CNN, шахси тирандоз Коннор Беттси 24-сола аст. Ҳадафҳояш аз ин амал алҳол маълум нест. Ҷинояткор баъди як дақиқаи оташ кушодан кушта шудааст.

Ин дуюмини куштори оммавӣ тайи як шабонарӯз дар ИМА аст. Рӯзи 3 август дар шаҳри Эл-Пасо (штати Техас), ки бо Мексика ҳамсарҳад аст, тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваста буд.

Дар натиҷа 20 нафар ҳалок ва боз 26 каси дигар осеб диданд. Гумонбар, сокини 21-солаи Техас Патрик Крузиус боздошт шуд. Пеш аз ҳамла ӯ дар интернет зидди муҳоҷирон манифест ба нашр расонида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.