Душанбе боҷро барои мошинҳои Ӯзбекистон бамаротиб поин бурд

Тоҷикистон меъёри боҷи суғуртаро барои вуруди воситаҳои нақлиёт аз Ӯзбекистон ба қаламрави худ чандин маротиба поин бурд. Шаҳрвандони Ӯзбекистон акнун барои ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон бо автомашинаи сабукрав вобаста ба ҳаҷми муҳаррик 15-20 сомонӣ боҷ пардохт мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз КВД “Тоҷиксуғурта”. Қаблан барои ворид шудан ба қаламрави ҷумҳурии мо […]

Аваз Юлдошев

Тоҷикистон меъёри боҷи суғуртаро барои вуруди воситаҳои нақлиёт аз Ӯзбекистон ба қаламрави худ чандин маротиба поин бурд.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон акнун барои ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон бо автомашинаи сабукрав вобаста ба ҳаҷми муҳаррик 15-20 сомонӣ боҷ пардохт мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз КВД “Тоҷиксуғурта”.

Қаблан барои ворид шудан ба қаламрави ҷумҳурии мо бо автомашинаи сабукрав аз ӯзбекистониҳо дар ҳаҷми наздики 52 доллар боҷи давлатии суғурта ситонида мешуд, ки қариб ба меъёри қаблан муқарранамудаи ҷониби Ӯзбекистон баробар буд.

Нимаи моҳи июн Ӯзбекистон меъёри боҷи вуруди автомашинаҳо аз Тоҷикистонро поин бурд: аз 14 июн шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави кишвари ҳамсоя бо автомашинаи сабукрав тақрибан 15-20 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.