Қатъи шабонарӯзии интиқоли об ба қисмати зиёди Душанбе

Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмир дар шоҳқубури воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи Исмоили Сомонӣ чанде аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе беоб мемонанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, аз соати 23:00 рӯзи 14 август то соати 23:00 15 августи соли 2019 интиқоли оби нӯшокӣ ба кӯчаҳои П. Толис, Гагарин, Ҳакимзода, Карамов, Фирӯз, […]

Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмир дар шоҳқубури воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи Исмоили Сомонӣ чанде аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе беоб мемонанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, аз соати 23:00 рӯзи 14 август то соати 23:00 15 августи соли 2019 интиқоли оби нӯшокӣ ба кӯчаҳои П. Толис, Гагарин, Ҳакимзода, Карамов, Фирӯз, С. Ғанӣ,  Б. Ҳамдам, Шаҳрчаи тандурустӣ (Медгородок),  "Боғи Ирам",  микрорайонҳои Гулистон, 11, 12, 13, 14, 15, 15а, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1, Зарафшон 2, Испечак 1, Испечак 2 ва  Испечак 3 қатъ мегардад.

Ҳамчунин кӯчаҳои Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло, Навободи поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло, Лучоби поён, Комсомол, Қазоқон 1, Қазоқон 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона ва Ҳаёти нав низ дар ин муддат беоб мемонанд.

Дар ин робита мақомоти шаҳрдорӣ аз сокиноне, ки дар кӯчаву маҳаллаҳи зикргардида иқомат доранд, дархост мекунад, ки оби нӯшокиро захира намоянд.

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур додааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.