Эълони якчанд айбнома зидди собиқ президенти Қирғизистон

Прокуратураи генералии Қирғизистон зидди президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев дар робита ба ҳаводиси деҳаи Кой-Тош айб эълом кардааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов, дар робита ба ҳаводиси мазкур чанд парвандаи ҷиноӣ боз ва зидди ҷонибдорони Отамбоев айбҳои алоҳида эълом карда шуд. "Имрӯз зидди Отамбоев барои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Прокуратураи генералии Қирғизистон зидди президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев дар робита ба ҳаводиси деҳаи Кой-Тош айб эълом кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов, дар робита ба ҳаводиси мазкур чанд парвандаи ҷиноӣ боз ва зидди ҷонибдорони Отамбоев айбҳои алоҳида эълом карда шуд.

"Имрӯз зидди Отамбоев барои ташкили бетартибии оммавӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, гаравгонгирӣ, куштор ва сӯиқасд айб эълом шуд", – иттилоъ додааст додситони кулли Қирғизистон.

Ба гуфтаи Ҷамшедов, Отамбоев дар ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ", "Ташкили куштор", "Ташкили сӯиқасд" ва "Ташкили гаравгонгирӣ" айбдор мешавад.

Ҷамшедов афзудааст, ки президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков тафтиши парвандаҳои марбут ба ҳаводиси Кой-Тошро зери назорат гирифта, талаб кардааст, ки онҳо дар асоси қонун таҳқиқ ва дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар доираи парвандаҳои мазкур амволи Отамбоев ба ҳабс гирифта шудааст.

Ёдрас мешавад, ки рӯзҳои 7 ва 8 августи соли равон дар деҳаи Кой-Тоши вилояти Чуйи Қирғизистон амалиёти боздошти Отамбоев сурат гирифта, дар ҷараёни он миёни ҷонибдорони президенти пешин ва неруҳои махсуси Кумитаи амният занозанӣ шуд. Худи Отамбоев дар рӯзи дувуми амалиёт таслим ва то 26 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Дар доираи парвандаи ҳаводиси Кой-Тош то ҳол сардори пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, аъзои Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алга Киличов, Кияз Смайлов ва Амантур Жамгирчиев то 8 октябр ба ҳабс гирифта шудаанд.

Онҳо дар гаравгонгирии сарбозони неруҳои махсусе айбдор мешаванд, ки 7 август барои боздошти Отамбоев ба деҳаи Кой-Тош рафта буданд. Зиддашон бо бандҳои "гаравгонгирӣ" ва "ташкили бертартибии оммавӣ" парванда боз шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.