Бозгашти вакилони парлумон аз таътил ба иҷлосияи охирини худ

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз таътили тобистона баргашта дар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намоянагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ мекунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, пагоҳ, 16 август баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба нақша […]

Аваз Юлдошев

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз таътили тобистона баргашта дар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намоянагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, пагоҳ, 16 август баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи қонунҳое, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ва дигар субъектҳои қонунофар пешниҳод гардидаанд, муҳокима шуда, ҷиҳати баррасӣ ба кумита ва комиссияҳои соҳавӣ фиристода мешаванд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, то охири моҳи сентябр вакилони мардумӣ дар кумита ва комиссияҳои парлумон кор карда, бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо мегузаронанд ва 1 октябр дар Душанбе ҷаласаи якуми иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кор оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки охири зимистон ваколатҳои ҳайати ҳозираи вакилони парлумон ба итмом мерасад: аввали моҳи марти соли оянда дар ҷумҳурӣ маъракаи навбатии интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.