Ҳалокати 63 нафар дар Кобул зимни таркиш дар тӯйи арӯсӣ

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи бомбгузории маргталабона дар як ҷашни арӯсӣ дар Кобул 63 нафар кушта шуданд ва 182 тани дигар захм бардоштанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамлаи хунин ба ҷашни арӯсӣ дар Кобулро ҳамлаи барбарона номида ва ба шиддат маҳкум кард. Дар ин бомбгузории маргталабона дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи бомбгузории маргталабона дар як ҷашни арӯсӣ дар Кобул 63 нафар кушта шуданд ва 182 тани дигар захм бардоштанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамлаи хунин ба ҷашни арӯсӣ дар Кобулро ҳамлаи барбарона номида ва ба шиддат маҳкум кард. Дар ин бомбгузории маргталабона дар шоми 17-уми август, 63 нафар кушта ва 182 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ӯ ҳамчунин ҷаласаи фавқуллодаи мақомоти амниятиро даъват кард, то роҳҳои пешгирӣ аз чунин ҳодиса дар он баррасӣ шавад. Гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ масъулияти бомбгузориро бар ӯҳда гирифт, ҳарчанд дар гузашта бардурӯъ масъулияти ҳамлаҳои дигарро ҳам бар дӯш гирифтааст. Ашраф Ғанӣ рӯзи 18-уми август дар Твиттер навишт, ки “Ман ҳамлаи ғайриинсонӣ ба толори арӯсӣ дар шаби гузаштаро маҳкум мекунам.

Фоҷиа шоми 17-уми август ба вуқӯъ пайваст. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки дар миёни маҷрӯҳон занону кӯдакон ҳам ҳастанд. Гуруҳи Толибон гуфт, ки дар ин ҳамлаи хунин даст надорад. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо ирсоли паёме аз тариқи Вотсапп ба Хабаргузории Олмон, бобмгузорӣ дар ҷашни арӯсиро маҳкум кардааст.

Ин ҳамла, ки хунинтарин дар имсол ба ҳисоб меравад, дар замоне ба вуқуъ пайваст, ки Амрико саъй дорад ба ҷанги 18 сола бо Толибон дар Афғонистон хотима бидиҳад ва бино ба гузоришҳо тарафҳо дар ин замина ба созиш наздик шудаанд. Ҳеҷ гуруҳи дигар масъули бомбгузории маргталабонаро бар ӯҳда нагирифтааст, ҳарчанд дар гузашта Толибон ва гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” асосан ба шиамазҳабон дар Афғонистон ҳамла кардаанд.

Аҳмад Умед, аз хешовандони домод ба хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс” гуфтааст: “Тақрибан 1200 меҳмон ба арӯсӣ даъват шуда буданд. Ман бо домод дар як утоқи дигаре будем, ки садои таркиш расид ва баъди ин касеро пайдо карда натавонистам. Ҳама рӯи фарши толор афтода буданд.”

Таркиш дар толори арӯсии “Дубай Сити” дар як гӯшаи Кобул сурат гирифтааст, ки онҷо асосан шиамазҳабон барои истироҳат меоянд. Дар Афғонистони ҷангзада, ба ҷашнҳои арӯсӣ меҳмони зиёде даъват мекунанд. Ҳамлаи хунин чанд рӯз баъд аз Иди Қурбон ва дар остонаи таҷлили 100-умин солгарди истиқлоли Афғонистон ба вуқӯъ пайваст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.