Ҳукми 15 соли зиндон ба сокини Ваҳдат барои кӯшиши куштани ҳамсару духтараш

Сокини шаҳри Ваҳдат Саидбек Ҷӯраев барои кӯшиши куштани зан ва духтараш ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. “Ҷӯраев 24 марти соли ҷорӣ ба манзили истиқоматии ҳамсараш Мавҷуда Набиева ба шаҳри Ҳисор омада, аз номбурда хоҳиш намудааст, ки ҳамроҳаш ба шаҳри Ваҳдат ба манзили зисташ равад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон. Лекин, ба […]

Asia-Plus

Сокини шаҳри Ваҳдат Саидбек Ҷӯраев барои кӯшиши куштани зан ва духтараш ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

“Ҷӯраев 24 марти соли ҷорӣ ба манзили истиқоматии ҳамсараш Мавҷуда Набиева ба шаҳри Ҳисор омада, аз номбурда хоҳиш намудааст, ки ҳамроҳаш ба шаҳри Ваҳдат ба манзили зисташ равад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Лекин, ба иттилои манбаъ, вақте ҳамсараш хоҳиши ӯро бинобар нигоҳубини духтараш, ки фарзанди хурдсол таваллуд кардаасту ба ёриаш эҳтиёҷ дорад, рад мекунад, ӯ ҳамсарашро нахуст лату кӯб ва сипас бо табар ба cap ва дигар қисматҳои баданашон зада, ба саломатии онҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонии барои ҳаёт хавфнок мерасонад.

“Аз ҳолати мазкур шаҳрвандоне, ки дар маъракаи азодории ҳамсояи Набиева ҳузур доштанд, огоҳ гардида, ба идомаи кирдори ҷинояткоронаи Ҷӯраев монеъа ва кушторро пешгирӣ намуданд”, – омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, Суди олии Тоҷикистон барои ин амалҳои ҷинояткорона Саидбек Ҷӯраевро ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.