Қисми зиёди воситаҳои ба бахши энергетика ҷудошуда дар соли 2020 ба Роғун равона мегардад

Тибқи нақшаи ҳукумати Тоҷикистон, дар муқоиса бо соли равон маблағгузорӣ ба бахши энергетика дар соли 2020 ба таври назаррас кам мешавад. Дар Буҷети давлатии имсолаи Тоҷикистон барои рушди комплекси таъминот бо сӯзишворӣ ва энергетикӣ ҷудо гардидани 4,1 млрд. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Таҳиягарони лоиҳаи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тибқи нақшаи ҳукумати Тоҷикистон, дар муқоиса бо соли равон маблағгузорӣ ба бахши энергетика дар соли 2020 ба таври назаррас кам мешавад.

Дар Буҷети давлатии имсолаи Тоҷикистон барои рушди комплекси таъминот бо сӯзишворӣ ва энергетикӣ ҷудо гардидани 4,1 млрд. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Таҳиягарони лоиҳаи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки ҷиҳати рушди комплекси таъминот бо сӯзишворӣ ва энергетикӣ соли оянда ҳудуди 3,5 млрд. сомонӣ воситаҳо ҷудо карда шаванд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли ҷорӣ ба андозаи 14,7% ё худ ба маблағи 601 млн. сомонӣ камтар аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, коҳиши маблағгузорӣ ба ин соҳа дар соли оянда бо он маънидод мешавад, ки соли 2020 сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба нақша гирифта нашудааст.

“Соли 2019 хати интиқоли барқи 500-киловолтаи “Роғун – Душанбе” ба маблағи 745 млн. сомонӣ ба истифода дода шуд. Бо назардошти дар нақшаи соли оянда пешбинӣ нагрдидани сохтмони хатҳои нави интиқоли барқ, маблағи ҷудомешуда дар ҳаҷми 3,5 млрд. сомонӣ барои бахши энергетика комилан кофист”, – мутмаин аст манбаъ.

Қисмати нисбатан зиёд маблағҳое, ки соли оянда ба соҳаи энергетика ҷудо карда мешаванд, ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона хоҳад шуд.

Бахши иқтисоди ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки соли 2021 ба рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ – беш аз 5 млрд. сомонӣ ҷудо гардида, соли 2022 ин нишондиҳанда ба ҳудуди 6,2 млрд. сомонӣ мерасад. Ин воситаҳо асосан ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва таъмиру навсозии иқтидорҳои энергетикии мавҷуда дар кишвар равона карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.