Даргузашти собиқ муовини раиси “Тоҷпромбонк” дар боздоштгоҳ

Муовини раиси бонки барҳамхӯрдаи “Тоҷпромбонк” Маҳмадулло Мирзоев дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Душанбе аз олам даргузаштааст. “Ӯ ҳанӯз аввали моҳи август даргузашта, ҷасадаш дарҳол ба наздиконаш дода шуд. Ҷасади ӯ дар яке аз қабристонҳои Ҳисор ба хок супурда шуд. Бо гузашти қариб як моҳ даргузашти ӯ маълум шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз […]

Муовини раиси бонки барҳамхӯрдаи “Тоҷпромбонк” Маҳмадулло Мирзоев дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Душанбе аз олам даргузаштааст.

“Ӯ ҳанӯз аввали моҳи август даргузашта, ҷасадаш дарҳол ба наздиконаш дода шуд. Ҷасади ӯ дар яке аз қабристонҳои Ҳисор ба хок супурда шуд. Бо гузашти қариб як моҳ даргузашти ӯ маълум шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз доираҳои бонкии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, Маҳмадулло Мирзоев ба бемории қанд гирифтор будааст. Собиқ муовини раиси “Тоҷпромбонк” моҳи феврали соли 2019 ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуд.

Собиқ раиси “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёев низ баҳори соли 2018 ба қаллобӣ, камомади воситаҳои амонтагузорон айбдор карда шуда, айни замон таҳти тафтишот қарор дорад.

Қаблан зикр шуда буд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.

Қобили зикр аст, ки иҷозатномаи «Тоҷпромбонк» охири моҳи феврали соли 2017 бозхонд шуда, аввали моҳи марти соли гузашта Суди иқтисодии Душанбе дар бораи оғози барҳамдиҳии муассиса қарор содир намуд.

Соли 2018 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар “Тоҷпромбонк” ба маблағи 270 млн. сомонӣ (28,6 млн. доллар) зиёни молиявӣ ошкор намуд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар суди ноҳияи Синои пойтахт маълумоти баъзе ВАО-ро дар бораи дар ин ҷо идома доштани мурофиа нисбати ӯ рад намуд. “Ин асоси воқеӣ надорад”, – иброз дошт манбаъ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.