Видеоблогер ва рэпсарои тоҷик бо тахаллуси Барон, ки чанде пеш ӯро барои ба навор гирифтани фоҳишаҳо мақомот дастгир карда буд, ин ҳодисаро шарҳ дод.
Бо Барон видеоблогери канали IRON KING Едгор Исломбеков мусоҳибаи кушод оростааст. Ин мусоҳиба имрӯз дар Youtube нашр шуд.
Дар робита ба боздошташ дар мавриди нашри навори видео дар бораи фоҳишаҳо дар шаҳри Душанбе ӯ чунин изҳори назар кард:
«Мо фикр намекардем, ки дастгир мекунанд, фикр мекардем, ки раҳмат мегӯянд. Ман нони коркуни давлативу ҳарбиро хӯрдаам, падару амакҳоям харбӣ буданд. Агар ба ман аз мақомот занг зада, оромона мегуфтанд, ки биё, мо туро бозпурсӣ мекунем, мерафтам. Ман ба мақомот иззат дорам. Вале ба ман занг зада дағалона гуфтанд: “агар биёӣ, миёӣ, агар не,– пас омада туро бардошта мебарем”. Ман гуфтам: биё, бардор!».
Ба гуфтаи ӯ, кормандони милиса дар раёсати корҳои дохилии шаҳр ӯ ва рафиқонашро танҳо насиҳат кардаанд.
Аз блогер ҳамчунин саволҳо аз дигар наворҳояш шуд. Бахусус оид ба видеое, ки ӯ дар он шикоят аз ҳолати кишвар мекунад. Дар ин навор Барон мегуфт, ки агар шиносномаи дигар давлатро медошт, худи ҳозир ватанро тарк мекард.
«Ман дигар худамро дошта натавонистам, – шарҳ дод блогер. – Ман фақат Тоҷикистонро таъриф мекунам, сурудҳои ватандӯстӣ месароям, вале рӯз аз рӯз зиндагӣ душвор мешавад. Ва ба ман обуначиҳоям менависанд, ки чаро дурӯғ мегӯӣ. Вақте нархи интернетро гарон карданд, ман кафидам ва бо шикоят баромад кардам».
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


