Зинаи аввали Ҷамшед Исоев дар мусобиқаи шоҳмотбозони собиқадори Осиё

Шоҳмотбози тоҷик, чемпиони Тоҷикистон дар соли 2019 Ҷамшед Исоев дар Чемпионати Осиё миёни калонсолон медали тилло ба даст овард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни калонсолон дар ду синну сол – аз 50-сола боло ва аз 65-сола боло аз рӯи се равия – рапид, классикӣ ва […]

Asia-Plus

Шоҳмотбози тоҷик, чемпиони Тоҷикистон дар соли 2019 Ҷамшед Исоев дар Чемпионати Осиё миёни калонсолон медали тилло ба даст овард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни калонсолон дар ду синну сол – аз 50-сола боло ва аз 65-сола боло аз рӯи се равия – рапид, классикӣ ва блитс аз 8 то 18 сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд. Дар мусобиқа 70 шоҳмотбоз аз 16 давлати қора иштирок карданд.

Гуфта мешавад, Ҷамшед Исоев – ягона намояндаи Тоҷикистон – миёни иштирокчиёни аз 50-сола боло дар равияи блитс ҷойи якумро ишғол кард. Ӯ аз 9 холи имконпазир 8 хол ба даст овард.

Дар 7 бозӣ бар намояндагони Қазоқистон (4 нафар), Эрон, Сурия, Қирғизистон ғалаба карда, ду бозиро бо шоҳмотбозони Қазоқистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом дод. Дар ин равия Азиз Умарбеков аз Қирғизистон бо 8 хол ҷойи дуюм, Серикбай Темирбаев аз Қазоқистон мавқеи сеюмро ишғол намуданд.

Шоҳмотбози соҳибтаҷрибаи тоҷик дар равияҳои рапид ва классикӣ низ бозӣ намуда, вале бахташ омад накард. Дар равияи рапид бо 4 хол дар ҷои 16-ум ва дар шоҳмоти классикӣ бо 5 хол дар ҷои 9-ум мавқеъ ёфт.

Зимнан ба варзишгароне, ки дар шоҳмоти классикӣ (аз 50-сола боло то мавқеи 6-ум, аз 65-сола боло ҷойи то 5-ум)-ро сазовор шуданд, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми аз 100 то 500 доллари ИМА тақдим шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.