Шукурҷон Зуҳуров: Масоили марзиро ҳарчи зудтар мебояд ҳал кард

Раисони парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон зимни вохӯрӣ дар доираи машварати чоруми раисони парлумонҳои Авруосиё, ки имрӯз дар пойтахти Қазоқистон оғоз шуд, масоили марзиро баррасӣ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Жогорку Кенеши Қирғизистон хабар медиҳад. “Муносибатҳои неки ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон чандин аср идома доранд, ки аз мову шумо давоми рисолати таърихиро тақозо мекунанд. Масоили марзиро ҳарчи […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Раисони парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон зимни вохӯрӣ дар доираи машварати чоруми раисони парлумонҳои Авруосиё, ки имрӯз дар пойтахти Қазоқистон оғоз шуд, масоили марзиро баррасӣ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Жогорку Кенеши Қирғизистон хабар медиҳад.

“Муносибатҳои неки ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон чандин аср идома доранд, ки аз мову шумо давоми рисолати таърихиро тақозо мекунанд. Масоили марзиро ҳарчи зудтар мебояд ҳал кард, зеро густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ба он вобаста аст”, – изҳор доштааст Зуҳуров.

Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон Достонбек Ҷумъабеков изҳори итминон кардааст, ки комиссияи ҳукуматии ду кишвар ба дарёфти роҳҳои созиш ноил мешавад.

“Ҷумъабеков изҳори умедворӣ кард, ки вохӯрии гурӯҳҳои кории комиссияҳои ҳукуматии ду кишвар ба дарёфти нуқтаҳои созиш оид ба аломатгузорӣ ва табодули дуҷонибаи қитъаҳои боқимонда имкон медиҳад. Ин раванди таъйини сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро суръат мебахшад”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти парлумони Қирғизистон.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба хулосае расиданд, ки анҷоми расмиёти ҳуқуқии сарҳади давлатӣ ба таъмини субот ва амният дар сарҳади кишварҳо ва ба сурати умум дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.