Дар лоиҳаи CASA-1000 гардиши покистонӣ рӯйи кор омад

Покистон нақша дорад, ки ба созишнома дар бораи лоиҳаи CASA-1000 тағйирот ворид кунад, ки дар он интиқоли баръакси барқ аз Покистон ба Тоҷикистон дар мавсими зимистон пешбинӣ шудааст. Покистон бо ин масъала аллакай ба Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Дар ин бора котиби иловагии Вазорати энергетикаи Покистон Васим Мухтор ба нашрияи The News International хабар додааст. Муофиқи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Покистон нақша дорад, ки ба созишнома дар бораи лоиҳаи CASA-1000 тағйирот ворид кунад, ки дар он интиқоли баръакси барқ аз Покистон ба Тоҷикистон дар мавсими зимистон пешбинӣ шудааст.

Покистон бо ин масъала аллакай ба Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Дар ин бора котиби иловагии Вазорати энергетикаи Покистон Васим Мухтор ба нашрияи The News International хабар додааст.

Муофиқи созишномаи баимзорасида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани лоиҳаи CASA-1000, дар мавсими тобистон (аз моҳи май то октябр) Покистон аз Тоҷикистон 1000 Мвт нерӯи барқ мехарад. Барои ҳар як киловатт нерӯи барқ Покистон 9,5 сент маблағ пардохт мекунад.

Мавсими зимистон нерӯи барқ дар Покистон зиёдатӣ мавҷуд аст ва мутобиқи пешниҳоди Покистон, содироти он ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистон бо истифода аз иншооти зерсохтори CASA-1000 ба нақша гирифта шудааст.

Васим Мухтор қайд кардааст, ки котиботи лоиҳаи CASA пешниҳоди ҷониби Покистонро ба рӯзномаи ҷаласаи минбаъда дохил кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.