Гумонбарии Дилшод Назаров ба истеъмоли допинг ва муваққатан барканории ӯ аз чемпионати ҷаҳон

Қаҳрамони олипии соли 2016, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бинобар сабаби гумонбарӣ ба вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг муваққатан аз иштирок дар чемпиоанти ҷаҳон барканор карда шуд. Пас аз санҷиши дубораи допинг дар ҷемпионати ҷаҳон дар соли 2011 дар Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ дар намунаи Дилшод Назаров маводи манъшудаи метаболити туринаболи даҳонӣ ёфт шудааст. Дар ин […]

Қаҳрамони олипии соли 2016, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бинобар сабаби гумонбарӣ ба вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг муваққатан аз иштирок дар чемпиоанти ҷаҳон барканор карда шуд.

Пас аз санҷиши дубораи допинг дар ҷемпионати ҷаҳон дар соли 2011 дар Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ дар намунаи Дилшод Назаров маводи манъшудаи метаболити туринаболи даҳонӣ ёфт шудааст. Дар ин бора дар сомонаи Мақомоти мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU, Athletics Integrity Unit) хабар дода шудааст.

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки алҳол ин танҳо гумонбарӣ аст. Айни замон Дилшод Назаров дар Қатар ба чемпионат омодагӣ мегирад. Вокуниши худи ӯ ба ин масъала низ алҳол маълум нест.

Дилшод Назаров нахустин ва ягона намояндаи Тоҷикистон мебошад, ки ба унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шарафёб гардидааст.

Аз 27 сентябр то 6 октябр дар Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук доир мегардад ва Дилшод Назаров мебоист дар он барои дарёфти роҳхат ба Олимпиада  мубориза мебурд.

Мақомоти мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук хабар медиҳад, ки дар робита ба вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг, Дилшод Назаров бояд аз трибунали аввали миллӣ гузарад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.