Тамринҳои муштараки наҷотбахшони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар Ботканд

Рӯзҳои 24-25 сентябри соли 2019 дар қаламрави вилояти Боткенти Қирғизистон бори аввал идораҳои наҷоти Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон машқи муштараки байналмилалии бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи наздисарҳадӣ дар мавзӯи “Ҳамкории мақомоти идоравӣ, нерӯҳо ва воситаҳои се кишвар ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар қаламрави вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон” гузарониданд. Бинои ба […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 24-25 сентябри соли 2019 дар қаламрави вилояти Боткенти Қирғизистон бори аввал идораҳои наҷоти Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон машқи муштараки байналмилалии бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи наздисарҳадӣ дар мавзӯи “Ҳамкории мақомоти идоравӣ, нерӯҳо ва воситаҳои се кишвар ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар қаламрави вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон” гузарониданд.

Бинои ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, барои ширкат дар ин чорабинӣ қувваҳо ва воситаҳои наҷоти воҳидҳои КҲФ Тоҷикистон, ВҲФ Қирғизистон ва ВҲФ Ӯзбекистон ҷалб шуда буданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин тамринҳо муовини Раиси КҲФ полковник М.Салимзода сарварӣ мекард.

Гуфта мешавад, ин чорабинӣ дар доираи ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозиҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ Тоҷикистон, ВҲФ Қирғизистон ва ВҲФ Ӯзбекистон дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин протоколи ҳамкориҳо миёни КҲФ-и кишварҳо, ки моҳи апрели соли 2019 дар шаҳри Бишкек имзо шуда буд, роҳандозӣ шуд.

Дар тамринҳо воҳидҳои наҷоти се кишвар амалҳо ҳангоми таҳдид ва ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи наздисарҳадиро машқ карданд, ҳамчунин як силсила чорабиниҳои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар доираи механизмҳои ҳамоҳангсозии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаро низ роҳандозӣ намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки барои ширкати фаъолона дар ин чорабинӣ 13 нафар кормандони Кумита бо медалҳои ВҲФ Ҷумҳурии Қирғизистон ва нишонҳои хотиравии ВҲФ Ӯзбекистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.