Фарқи тавозуни савдои Тоҷикистон қариб ба 1,5 млрд. доллар расид

Фарқ (каср, дефитсит)-и ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон тӯли 8 моҳи соли равон қариб якуним млрд. долларро ташкил медиҳад. Давоми моҳҳои январ-августи соли 2019 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз кишвар 700 млн доллар ва воридот дар ин давра наздики 2,2 млрд. долларро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон маълумот медиҳад. “Тавозуни савдо […]

Фарқ (каср, дефитсит)-и ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон тӯли 8 моҳи соли равон қариб якуним млрд. долларро ташкил медиҳад.

Давоми моҳҳои январ-августи соли 2019 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз кишвар 700 млн доллар ва воридот дар ин давра наздики 2,2 млрд. долларро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон маълумот медиҳад.

“Тавозуни савдо манфӣ ва ба 1 млрд. 425,7 млн. доллар баробар шуд”, – қайд мекунанд дар Агентии омор.

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 2,9 млрд. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,2% ё худ 5,7 млн. доллар зиёдтар аст.

Дар ин давра ҷумҳурӣ бо 102 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом дод. Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба байни кишварҳо қариб 655 млн. долларро ташкил медиҳад.

Давоми ним сол ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Қазоқистон наздики 560 млн., Тоҷикистону Чин – 405 млн., Тоҷикистону Туркия – 246 млн. ва Тоҷикистону Ӯзбекистон – 232 млн. долларро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, дар муқоиса бо дигар кишварҳои Иттиҳод, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон нисбатан кам аст.

Ҳамин тариқ, дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Русия ба 318 млрд., Қазоқистон – 45 млрд., Беларус – 34 млрд., Озарбойҷон ва Ӯзбекистон – ҳар кадоме 17 млрд., Молдова – 4,1 млрд., Арманистон – 3,5 млрд., Қирғизистон – 3,2 млрд. ва Тоҷикистон ба каме бештар аз 2,1 млрд. доллар расидааст.

Тавозуни савдои қариб ҳамаи кишварҳои узви ИДМ ба ҷуз Русия (+93 млрд. доллар), Қазоқистон (+11 млрд.) ва Озарбойҷон (+3 млрд.) манфӣ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.