Валиаҳди Арабистони Саудӣ масъулияти рӯйдоди қатли Хошуқчиро ба дӯш гирифт

Date:

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ масъулияташро дар қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ дар шаҳри Истамбули Туркия эътироф кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи валиаҳд, қатли рӯзноманигор "under his watch" – "таҳти назорати вай" – сурат гирифтааст. Дар ин бора рӯзноманигор Мартин Смит хабар додааст. Мусоҳибаи комили валиаҳд рӯзи 1 октябр нишон дода хоҳад шуд.

"Масъулияти рӯйдодро ман ба дӯш мегирам", – гуфтааст валиаҳд. Вале вай меафзояд, аз амалиёти қатли Хошуқчӣ огоҳ набуд.

Ҷамол Хошуқчӣ, ки аз мунтақидони ҳукумати Арабистони Саудӣ буд, моҳи октябри соли 2018 кушта шуд, аммо ҷасади вай то кунун пайдо нагардидааст. Вай барои дарёфти ҳуҷҷат ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул рафт ва дигар берун наомад. Бо гузашти чанд рӯз мақомоти Арабистони Саудӣ эътироф карданд, ки Хошуқчӣ дар ҳудуди намояндагии дипломатӣ фавтидааст.

Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, Хошуқчӣ дар натиҷаи задухӯрд бо кормнадони консулгарӣ фавтид. Аммо мақомоти махсуси Туркия хабар доданд, ки Хошуқчӣ кушта шудааст. Ҷониби Туркия гуфт, дар куштори вай 11 кас даст дорад: онҳо Истамбулро тарк карда, то кунун ба тафтишот таслим нашудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...