Корманди Агентии суғурта 333 ҳазор сомонӣ нафақаро аз худ кардааст

Барои тасарруфи молу мулки давлатӣ ба маблағи махсусан калон корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дастгир шудааст. Айбдоршаванда Расулова Майсара Бобораҷабовна дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъба оид ба пардохти кумакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Ӯ бо истифода аз ваколатҳои мансабдорӣ бар хилофи талаботи […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Барои тасарруфи молу мулки давлатӣ ба маблағи махсусан калон корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дастгир шудааст.

Айбдоршаванда Расулова Майсара Бобораҷабовна дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъба оид ба пардохти кумакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Ӯ бо истифода аз ваколатҳои мансабдорӣ бар хилофи талаботи қонунгузории Тоҷикистон оид ба таъин ва пардохти нафақа амал намуда, давоми солҳои 2017-2019 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 5 нафар шаҳрвандон ба маблағи умумии беш аз 333 ҳазор сомониро аз худ кардааст.

Номбурда ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронида, онҳоро тавассути кортҳои пластикии БДА ҶТ “Амонатбонк” тариқи нақдӣ гирифтааст ва ба манфиати шахсии худ харҷ кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Расулова М.Б. бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони молиявӣ расонидааст.   

Нисбат ба айбдоршаванда  бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 банди “а” (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мeҳр ва бланкаҳои қалбакӣ, такроран содир шудааст) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.